,
Ҷумъа, 05-сентябр
Имрӯз, 1 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Мавзӯи асосии мулоқот ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳассоси ҷомеаи имрӯза - “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ” бахшида шуда буд.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, намояндагони Маркази ягонаи иттилоотии Прокуратураи генералӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, Саидзода Ҷаҳонгир ва Ҳасанзода Умед Юсуфхон, инчунин ёрдамчии калони прокурори шаҳри Кӯлоб Атозода Сафаралӣ Зоиршо ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Мулоқотро ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта таъкид намуд, ки ҳамкории муассир бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус бо Прокуратураи генералӣ, барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, аҳамияти бузург дорад. Ӯ зикр кард, ки Прокуратура ҳамчун ниҳоди назоратии давлатӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти ифротӣ дошта, нақши калидӣ дорад ва бо татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ва ҷомеа дар таҳкими суботи сартосарӣ, амнияти миллӣ ва тафаккури солим саҳми арзанда мегузорад.
Сафарзода Мунир Ватан ҳамзамон изҳор дошт, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон мусоидат менамоянд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон баромад намуда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ кард. Ӯ ҷавононро ба бедор будан аз таҳдидҳои замони муосир ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамомадаи давлату ҳукуамт барои таҳсил даъват кард.
Намояндаи Прокуратураи генералӣ Саидзода Ҷаҳонгир бо баромади пурмуҳтавои худ мавзуи асосии мулоқот – “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ”-ро ба таври муфассал шарҳ дод. Ӯ бо пешниҳоди маълумотҳои оморӣ, таҳлили ҳолатҳои мушаххас ва ироаи маслиҳату дастурҳои амалии ҳуқуқӣ, донишҷӯёнро барои ҳифзи худ ва ҷомеа аз таъсири гурӯҳҳои хатарзо ҳушдор дод.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки донишҷӯён ва устодон бояд аз маълумоти пешниҳодшуда ба таври муассир истифода намуда, дар амалӣ намудани сиёсати давлат ва мубориза бо равандҳои хатарзо саҳмгузор бошанд. Изҳори умед карда шуд, ки чунин мулоқотҳо бо ҷалби васеи ҷавонон дар оянда низ идома ёфта, садди роҳи шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ мегарданд.