, Ҷумъа, 05-сентябр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Имрӯз, 1 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш дар фазои идона ва дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид. Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии пурмӯҳтаво бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Бахтиёр Худоёр бо устодону донишҷӯёни курси аввал баргузор шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, устодон ва донишҷӯёни соли аввали таҳсил иштирок намуданд.

Дар оғоз меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш аз гӯшаҳои навтаъсисдодаи  раёсати донишгоҳ, ки ба ифтихори 80-солагии донишгоҳ омода шудаанд, боздид ба амал оварданд. Ҳамзамон, аз намоиши дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён, ки дар даромадгоҳи бинои асосӣ ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Қисмати расмии чорабинӣ дар толори фарҳангии муассиса идома кард. Зимни ифтитоҳӣ чорабинӣ таъкид шуд, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ рамзи эҳтиром ба илм, оромӣ ва ваҳдати миллӣ буда, оғози сафари нави маърифат ва худшиносист. Зикр гардид, ки таҳсил ва омӯзиши пайваста заминаи рушди устувори ҷомеа ва кафили пешрафти давлат ба шумор меравад.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳамияти афзояндаи илм ва нақши созандаи ҷавононро дар бунёди ҷомеаи мутамаддин таъкид намуд. Ӯ донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи донишҳои муосир, истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамшуда ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату миллат даъват кард.

Сипас ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан баромад намуда, донишҷӯёни навро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт ва ба онҳо дар роҳи омӯзишу худшиносӣ муваффақият орзу кард. Ӯ таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат масъулияти бузурги тарбия ва рушду камоли насли ҷавонро бар дӯш дорад ва аз донишҷӯён тақозо менамояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият таҳсил намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як гурӯҳ донишҷӯёни курси аввал шаҳодатнома ва дафтарчаҳои имтиҳонӣ супорида шуд. Таъкид гардид, ки омӯхтани илм муқаддастарин вазифа ва меҳвари асосии такмили шахсият ва рушди ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин донишҷӯи курси аввали факултети химия ва биология - Ҷабборзода Ҷасур, бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз номи донишҷӯёни нав ба роҳбарияти олии кишвар барои муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму таҳсил изҳори сипосу миннатдорӣ баён дошт. Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯёни соли аввал аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, тамоми нерӯ ва кӯшишро барои дарёфти донишҳои муосир ва рушди шахсият равона хоҳанд сохт.

Чорабинӣ бо боздиди ҳайати иштирокчиён аз раванди баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ ҷамъбаст гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!