,
Панҷшанбе, 04-сентябр
Имрӯз (30.08.2025) ҳайати олимону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори фарҳангии муассиса бо эҳсоси баланди ифтихор ва ватандӯстӣ Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Ин иқдоми маърифатпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҳамасола санаи 1-уми сентябр ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад, на танҳо оғози омӯзиши донишҳои нав, балки сабақе арзишманд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу суботи кишвар маҳсуб меёбад.
Маҳз ҳузури Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни дарси нахустин баёнгари он аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маориф, сулҳу субот ва тарбияи насли наврас бо чашми умед менигарад. Суханронии Президенти кишвар дарси ибрату рӯшноии роҳи созандагист. Дар ҳар сухани Пешвои миллат эҳсоси гарми меҳанпарастӣ, эҳтиром ба илм ва масъулияти шаҳрвандӣ ниҳон аст, ончунон ки бо шунидани нукоти ҳикматбори ин абармарди дунёи сиёсат ҳар як омӯзгору донишҷӯ ба қадри илму маърифат ва волоияти сулҳ бештар воқиф мегардад.
Дар ин рӯзи хотирмон ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ин дарси зиндагисозро ҳамчун нури раҳнамо пазируфта, тасмим доранд, ки таъкиду супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар роҳи ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонмардони ҳақиқии миллат саҳми арзанда гузоранд.
Дар ин радиф имрӯз дар тамоми факултетҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тамошои дастаҷамъии Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ташкил ва роҳандозӣ гардид, ки дар он ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯён бо руҳияи баланд ва ифтихори миллӣ иштирок намуданд.