, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!»

 08.02.2023 24

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!»

Имрӯз дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Биё, ҳамадон шавем!” баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон, мудири китобхонаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳ Фахриева Қиматбӣ, ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ ҳамчунин роҳбари маҳфили мазкур Мадасани Азизмад, ҳайати аъзоёни маҳфил ва донишҷӯёни Донишкадаи технологӣ ва менеҷментӣ инноватсиони дар шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.

Сараввал мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон баромад намуда, доир ба фаъолияти маҳфил ва мавзуҳои баррасишаванда дар маҳфилҳои оянда маълумот доданд.

Сипас Эмомов Сулаймон донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи рус дар мавзуи “Китобхона-кохи маърифат” баромад намуд. Баъдан донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисод ва идора Холова Заррина дар мавзуи “Пиряхҳо-манбаи асосии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон”

Дар бахши дуюми маҳфил миёни иштирокчиён “Викторина” доир гардид, ки донишҷӯён ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дақиқ гардониданд.

Дар охири маҳфил мудири китобхонаи Коллеҷи омӯзгорӣ Фахриева Қиматбӣ дар бораи фаъолияти маҳфил назари худро иброз дошта, қайд карданд: “Маҳфили “Биё, ҳамадон шавем!” барои донишҷӯён дар ба даст овардани муввафақият дар соҳаи худ заминаи хубе фароҳам меоварад. Бо иштирок дар ин маҳфил, ки дар фазои китобхонаву макони илм баргузор мегардад, донишҷӯён метавонанд савияи дониши хуб касб намоянд”. Зимнан муаллима қайд доштанд, ки масъулини маҳфили мазкур барои ҷалби донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва иштирок дар ин маҳфил иқдоме пеш гиранд то онҳо низ аз ин хазинаи маърифат ва макони илму дониш бебаҳра набошанд.




Ба рӯйхат

*/