, Сешанбе, 19-август

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД


КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи соли таҳсили 2025-2026 ва омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ раванди корҳои ободониву навсозӣ дар ин муассиса бо маром идома дорад.

Тадбирҳои андешидашуда пеш аз ҳама ба беҳтарсозии муҳити таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири омӯзиш ва таъмини фазои мусоиди таҳсилу фаъолият барои устодон ва донишҷӯён нигаронида шудаанд.

Айни ҳол, дар факултети физика ва математика корҳои васеи таъмиру таҷдид идома дошта, синфхонаҳо бо усули замонавӣ тармиму таҷҳиз мешаванд. Ҳамзамон дар саҳни бинои таълимии факултет низ корҳои ободонӣ ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз куҳантарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, дар тӯли 80 соли фаъолият ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро тарбия намудааст. Имрӯз таҷдиду навсозии инфрасохтори донишгоҳ гувоҳи таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф ва арҷгузорӣ ба рисолати илму маърифат мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_bsu3qlqjpuqtblru4gincnmku1 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_bsu3qlqjpuqtblru4gincnmku1): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_p3tpldo3kjaas9le5uvbenu4ue in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_p3tpldo3kjaas9le5uvbenu4ue): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274