, Чоршанбе, 16-июл

ОЯНДАИ МИЛЛАТ АЗ КӮДАКОНИ ТАВОНО ОҒОЗ МЕЁБАД!


ОЯНДАИ МИЛЛАТ АЗ КӮДАКОНИ ТАВОНО ОҒОЗ МЕЁБАД!

Сафарбарнамоии фарзандони кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба лагери таълимӣ-истироҳатӣ

Саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ субҳи 5-уми июли соли 2025 бо чеҳраҳои шукуфони наврасон ва садои дилнишини хайрухуш бо падару модаронашон ранги дигар дошт. Фарзандони омӯзгорону кормандони донишгоҳ, ки гӯё сафирони хурдсоли фарҳангу маърифатанд, аз ҳамин ҷо ба Лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол» раҳсипор гардиданд.

Ин иқдом зери роҳнамоии раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, ташаккули фикрӣ ва таҳкими тарбияву ахлоқи фарзандони омӯзгорону кормандон мебошад.

Лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол», ки дар муҳити сабзу хуррами ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, соли ҷорӣ 150 нафар кӯдакро дар се баст ба истироҳату омӯзиш фаро мегирад. Дар ҳар баст 50 нафар фарзандони омӯзгорону кормандон бо шароити мусоиди зист, ғизои солим ва барномаи фарогири маърифатӣ қабул мешаванд.

Ҳангоми гусели кӯдакон раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ Исупов Дилшод баромад намуда, чунин ташаббусҳоро нишони эҳтиром ва дастгирии воқеии омӯзгорон аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоиву маърифатии Роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки лагерҳои таълимӣ на танҳо ҷойи истироҳат, балки муҳити таълиму тарбия, муошират ва вусъати ҷаҳонбинии насли наврас мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ шароити мусоиди зист ва барномаи пурмуҳтаво барои рушди зеҳнӣ ва ахлоқии кӯдакон таҳия шудааст. Бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои адабӣ, омӯзиши малакаҳои нав ва дарсҳои тарбиявӣ-ҳама ба он равона шудаанд, ки насли наврас зирактар, шуурноктар ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расанд.

Иқдоми мазкурро метавон ҷузъи муҳими сиёсати созандаи раёсати донишгоҳ дар самти дастгирии иҷтимоии омӯзгорон ва мустаҳкамсозии риштаи маънавӣ миёни донишгоҳу оила донист. Зеро, ояндаи миллат маҳз аз кӯдакони тавоно оғоз меёбад!




Ба рӯйхат