,
Чоршанбе, 16-июл
Санаи 04.07.2025 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Аҳмадҷон ва ҳайати раёсати донишгоҳ маросими муаррифии муовини навтаъини ректор оид ба тарбия баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Аҳмадҷонро ба донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар бо дарки амиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои шабонарӯзии устодону кормандон дар самти пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти муназзамро пеша менамояд.
Сипас, Раҳмонзода Аҳмадҷон фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аз вазифа озод шудани муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ-Худойдодова Шарофат Зардовна, бинобар сабаби ба синни нафақа расидан ба самъи ҳозирин расонида, аз нақши муассири ӯ дар рушду пешбурди соҳаҳои тарбия, илм ва маориф ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки фаъолияти бисёрҷабҳа, садоқат ба касб ва ҷаҳду талоши ҳамешагии Шарофат Зардовна дар тарбияи насли ҷавон сазовори таҳсин ва намунаи ибрат мебошад.
Дар идома фармоиши Вазири маориф ва илм, ҷиҳати ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ таъин гардидани Шарифзода Одинамо Пирназар ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд.
Ҳангоми муаррифӣ, Раҳмонзода Аҳмадҷон изҳори умед кард, ки Шарифзода Одинамо бо донишу малака ва таҷрибаи кории худ, бо садоқат ба вазифа ва дарки баланди масъулият, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм фаъолона саҳм мегузорад.
Инчунин аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба Шарофат Зардовна барои хизмати содиқона ва меҳнатҳои шоиста изҳори сипос намуда, нақши ӯро дар тарбияи насли нав ва рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, бо самимият иброз намуд, ки мо-ҳайати кормандону устодони донишгоҳ ифтихор дорем, ки бо Шарофат Худойдодова-шахсияти барҷаста, донишманд, нексиришт ва фидоии соҳаи маориф ҳамкорӣ дорем. Ҷаҳду талоши хастанопазир ва диди васеи муаллима дар рушди соҳаҳои илм, маориф ва робитаҳои байналмилалӣ ҳамеша бо мо хоҳад монд. Мо бо камоли эҳтиром сипосгузорем, ки дар канори мо ҳастед ва бо муҳаббат ба Ватан хидмат менамоед.
Зимнан, хонум Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, ба Роҳбарияти олии кишвар, Вазорати маориф ва илм ва раёсати донишгоҳ барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар навбати худ, Шарифзода Одинамо ба сухан баромада, изҳор дошт, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро ба самти тарбияи насли ҷавон равона хоҳад кард ва бо меҳнати софдилона кӯшиш менамояд, ки сазовори боварии роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳ бошад.