,
Шанбе, 26-июл
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии унвонҷӯи кафедраи курси амалии забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав - Розиқов Баҳром Маҳмасолиҳовичро дар мавзуи “Технологияҳои чандрасонаӣ ҷиҳати ташаккули салоҳиятмандии коммуникативии донишҷӯёни ихтисосҳои гуманитарии донишгоҳҳои омӯзгорӣ аз фанни забони англисӣ”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сайфуллоев Хайрулло Габдуллаевич дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Дар муҳокимаи рисола садорати факултети филологияи хориҷӣ, ҳайати устодону омӯзгорони кафедраҳои факултет ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Зимнан Шарипов Хуршед - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ; Робияи Абдусамад - дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баромад намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии рисолаҳоро таҳлил ва баҳогузорӣ карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии муҳаққиқ бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.