,
Чоршанбе, 02-июл
Санаи 1 июли соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи биология ва методикаи таълими он Муллоализода Мақсудҷон дар мавзуи “Истифодаи комплексии потенсиали захираҳои геоэкологии парваришгоҳи Зарафшон барои рушди устувори экотуризм”, зери роҳбарии номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091100-Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (6D091101.02-соҳаи илми география) баргузор гардид.
Дар муҳокима Шарофат Худойдодова-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ, Гадоев Шералӣ-дотсент, роҳбари илмии муҳаққиқ, Бобоев Бахтовар-дотсент, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, Абдулов Дилшод-номзади илмҳои иқтисодӣ, Мирзоев Азиз-дотсент, номзади илмҳои география ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Мирзоев Азиз-номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Иброҳимова Рухшона-номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Муллоализода Мақсудҷон бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.