,
Сешанбе, 01-июл
Санаи 30 июни соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии хатмкардаи зинаи докторанти PhD-и кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Одинаев Изатулло Файзуллоевич дар мавзуи “Ташаккули механизми танзими давлатии рушди устувори иқтисодии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидзода Муҳаммаднаим барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600-Иқтисодиёт (6D050606-Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима Мирсаидзода Муҳаммаднаим-дотсент, роҳбари илмии муҳаққиқ, Расулзода Лутфия-дотсент, декани факултети иқтисод ва идора, Назаров Муродалӣ-дотсент, мудири кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкорӣ, Раҳимзода Ҳисайн-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Раҳимзода Ҳисайн-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шавқати Намозалӣ-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳри Левакант баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Одинаев Изатулло Файзуллоевич бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.