,
Сешанбе, 01-июл
Дар доираи натиҷагирии фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 ва ҷиҳати қадрдонии меҳнату талошҳои содиқонаи ҳайати омӯзгорону кормандон, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба 88 нафар олимону донишмандон, устодону омӯзгорон ва кормандони бахшҳои гуногуни муассиса Сипосномаи Раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Ин маросим дар фазои мусоидду созгор доир гардида, ҳамчун як иқдоми муҳим ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба заҳмати устодону кормандон маънидод мешавад.
Қайд гардид, ки ҳар як муваффақият ва дастоварди донишгоҳ натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаи ҳайати омӯзгорону кормандон аст, ки бо садоқат ба пешаи омӯзгорӣ, масъулият дар баробари насли ҷавону арзишҳои илмиву фарҳанги миллӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.