,
Сешанбе, 01-июл
Имрӯз (30.06.2025) дар ҳошияи ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи аввали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, як қатор устодону омӯзгорон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Дар фазои тантанавӣ ба 6 нафар устодон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», ба 20 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ин қадрдонӣ бозгӯи заҳматҳои пайвастаи онҳо дар таълиму тарбия ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат мебошад.
Инчунин, як нафар омӯзгори фаъол бо шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардида, як нафари дигар бо нишони «Беҳтарин омӯзгор» ва шаҳодатномаи расмӣ қадрдонӣ шуд, ки ин мукофот ифодагари малакаи баланд, масъулиятшиносӣ ва саҳми назарраси ӯ дар таълими босифат ба шумор меравад.
Қадрдонии устодон бо чунин мукофотҳо на танҳо нишонаи эътирофи хизматҳояшон аст, балки рӯҳу илҳоми нав барои идомаи фаъолияти содиқонаву ватандӯстона дар фазои илмӣ ва таълимӣ мебошад.