, Сешанбе, 01-июл

АРҶГУЗОРӢ БА ДОНИШ: 68 НАФАР ХАТМКУНАНДА БО ДИПЛОМИ АЪЛО САРФАРОЗ ГАРДИДАНД


АРҶГУЗОРӢ БА ДОНИШ: 68 НАФАР ХАТМКУНАНДА БО ДИПЛОМИ АЪЛО САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Имрӯз (30.06.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 дар маҷлиси васеи ҳайати устодону кормандон баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки бо ширкати ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, аъзои Шурои олимон, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо, омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои донишгоҳ доир гардид, самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмиву таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ин ҳамоиши муҳими ҷамъбастӣ, ба 68 нафар хатмкунандаи соли таҳсили 2024-2025, ки муассисаро бо дониши аъло хатм намуданд, дипломи аъло тақдим карда шуд. Аз ин шумора 50 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавр ва 18 нафар хатмкунандаи зинаи магистратура мебошанд. Маросими супоридани дипломҳо дар фазои мутантан ва созгор сурат гирифт.

Дар идомаи барнома, як қатор хатмкунандагон ва намояндагони волидон бо суханони самимона ва шукргузорӣ баромад карданд. Хатмкунанда Дустаҳмадзода Зиёвуддин ва Тошева Зебо аз номи тамоми хатмкунандагон барои фароҳамсозии шароити замонавии таълиму тадрис, муҳити мусоиди таҳсил ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки донишҳои андӯхтаашонро дар роҳи хизмат ба ҷомеа, тарбияи насли наврас ва ободии Ватан ба кор хоҳанд бурд.

Ҳамзамон, волидайни хатмкунандагон – Давлатов Исроил ва Шомадова Момаҷон низ бо суханони табрикӣ ва эҳтиромона ба минбар баромада, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти донишгоҳ барои муҳайё сохтани шароити хуби таълимӣ ва тарбиявӣ изҳор намуданд. Онҳо бо ифтихор зикр карданд, ки фарзандонашон дар яке аз пурнуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ дониш андӯхта, имрӯз онро бо сарбаландӣ хатм менамоянд.

Хатмкунандагон бо дарки баланди масъулият ва ваъдаҳои ватандӯстона иброз доштанд, ки дар ҷои кор ва минтақаҳои фаъолияташон номи донишгоҳро баланд нигоҳ дошта, обрӯ ва мақоми онро ҳифз ва таҳким хоҳанд бахшид.

Ин маросими бошукӯҳ бори дигар нишон дод, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешқадами кишвар дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми намоён дошта, таҷрибаи муваффақи таълимиро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона идома медиҳад.




Ба рӯйхат