,
Сешанбе, 01-июл
Санаи 30 июни соли 2025, дар маҷлиси васеи ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ректор, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, аъзоёни Шӯрои олимон, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо ва ҳайати устодону кормандон фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ зимни баромади худ таъкид намуданд, ки дар шароити муосир, ки ҷаҳон шоҳиди таҳаввулоти бесобиқаи сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву технологӣ мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст роҳи рушди устувору созандаро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намояд. Маориф, чун яке аз самтҳои калидии ин самт, пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими ҷомеаи маърифатӣ ва давлатдории муосир арзёбӣ мегардад.
Рушду навсозии инфрасохтор ва таъмини шароити беҳтар
Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 80-солагии таъсиси донишгоҳ, як қатор иқдомоти муҳими инфрасохторӣ амалӣ шуданд. Бунёди бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи муосири 10-ошёна бо шароити бароҳат оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Бинои факултетҳои иқтисодӣ бо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуданд. Иншооти нав, аз ҷумла озмоишгоҳҳои муосир ва синфхонаҳои компютерӣ низ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Пешравиҳо дар самти илм, таҳқиқот ва ихтироот
Ҳайати омӯзгорон дар шаш моҳи гузашта фаъолона ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд. 93,08% устодон дар таҳияи рисолаҳо ва корҳои илмӣ саҳм гузоштанд. Дар ин давра як нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Инчунин, се ихтироъ бо номи “Иқтидор” (дар шакли чой ва нӯшоба) ва “Мошинаи ғалашӯӣ” соҳиби хабарнома гардида, дар фурсати наздик соҳиби НАХУСТПАТЕНТ мегарданд.
Дастовардҳои илмӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ
Мавриди ифтихор аст, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд ширкат намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд:
Натиҷаҳои таълим ва фаъолияти олимпиадавӣ
Донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 10 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) миёни 44 донишгоҳ мақоми сеюмро ба даст оварданд. Аз ҷумла, 14 нафар ба даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ - китоб аст» ва 22 нафар ба даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» роҳ ёфтанд.
Рушди робитаҳои байналмилалӣ ва дипломатия
Донишгоҳ дар шашмоҳаи аввал бо зиёда аз 106 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории судманд дошт. Аз ҷумла:
Омори умумӣ ва нишондиҳандаҳои таълим
Айни ҳол, дар донишгоҳ 502 нафар омӯзгор, аз ҷумла 10 доктори илм ва 74 дотсент, фаъолият доранд. Шумораи умумии донишҷӯён 10 193 нафар буда, аз ин шумора 2 465 нафар дар соли ҷорӣ донишгоҳро хатм карданд, ки 68 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Натиҷаи азхудкунии сессияи тобистона 65,1%-ро ташкил дод.
Чорабиниҳо ва фаъолияти фарҳангию тарбиявӣ
Дар шаш моҳи аввали соли 2025, дар донишгоҳ 84 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалӣ ва 5 ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Маркази матбуоти донишгоҳ дар маҷмӯъ 421 гузориш ва чорабиниро ба ҷомеа расонид. Қисми тарбияи донишгоҳ 164 дарси намунавӣ ва 107 чорабинии тарбиявию фарҳангиро ба роҳ монд.
Қадрдонӣ ва натиҷагирии ҷаласа
Дар ҷараёни ҷамъбаст ба 50 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавр ва 18 нафар хатмкунандаи зинаи магистратура, ки таҳсилро бо баҳои аъло анҷом доданд, дипломи аъло супорида шуд, ки ин нишонаи сатҳи баланди таълим ва омодагии касбии онҳо маҳсуб меёбад.
Инчунин як қатор устодону кормандон бо Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома барномаи фарҳангӣ иборат аз савту навои дилнишин пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Ҷамъбасти маҷлис нишон дод, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо устувориву масъулиятшиносӣ дар роҳи таъмини ҳадафҳои миллии соҳаи маориф ва татбиқи “Стратегияи рушди муассиса барои солҳои 2023-2028” бо рӯҳияи созандагиву худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.