,
Ҷумъа, 27-июн
Санаи 25-уми июни соли равон дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати бақои миллат” бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, ҳайати омӯзгорону факултет иштирок доштанд.
Кори конфронс бо суханронии декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ оғоз гардида, зимни баромад ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ёдовар шуд, ки “Сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз муқаддастарин арзишҳои миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, Тоҷикистони мо имрӯз ба сӯи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳар фарди бедордил бояд шукронаи ин неъмати бузург-сулҳ ва ваҳдати миллиро ба ҷо орад”.
Сипас, Шарипов Назрулло - муаллими калони кафедраи молия ва қарз дар мавзуи “Ваҳдат-номаи тақдири миллат”, Моҳираи Ҷурахон –муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар мавзуи “Ваҳдату миллӣ -василаи осоиши миллат” ва Ҷурахони И – ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва захираҳои об барои рушди устувор” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.