, Ҷумъа, 27-июн

ДАСТОВАРДИ  ОМӮЗГОРИ ДДК АЗ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


ДАСТОВАРДИ  ОМӮЗГОРИ ДДК АЗ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Сайдализода Фотима Обид-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии “Беҳтарин педагог” сазовори Дипломи дараҷаи I гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии “Endless Light in Science”, воқеъ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз кишварҳои мухталиф ширкат варзиданд. Озмун дар шакли фосилавӣ баргузор гардида, иштирокчиён мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.

Сайдализода Фотима дар ин озмун бо мақолаи таҳқиқотии худ таҳти унвони  «Истифодаи мафҳуми "Меҳнат" дар асоси масалу мақолҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» ширкат варзида, ба гирифтани дипломи дараҷаи аввал мушарраф гардид. Таҳқиқоти ӯ бо истифода аз масолу мақолҳои мардумӣ, мафҳуми меҳнатро дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мавриди муқоиса ва таҳлил қарор дода, аҳамияти онро дар омӯзиши фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум собит намудааст.

Раёсати Донишгоҳ ин муваффақиятро ба Сайдализода Фотима самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ барояш комёбиҳои нав орзу мекунад.




Ба рӯйхат