,
Ҷумъа, 22-ноябр
Боиси хушҳолии хурду бузург, мояи суруру умедвории ҷомеаи мадании кишвар аст, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангсолору маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, болобурди маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад.
Дирӯз амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2023 ба тасвиб расиданд, ки барои ғолибон ва роҳбарони онҳо, дар маҷмуъ, 11 730 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар низомномаҳои озмунҳо, бо назардошти таҷрибаи баргузории озмунҳо дар солҳои қабл, пешниҳодҳои дастандаркорон, тағйироту имтиёзҳои назаррас ворид карда шудаанд.
Барои ташреҳи тағйироту дигаргуниҳои низомномаҳои озмунҳо, тарғибу ташвиқи омӯзгорону муҳассилин ҷиҳати омодагии қавӣ, иштироки фаъол ва касби ҷойҳои ифтихорӣ ва ба ин васила, афзудани нуфузу эътибори Донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Амрҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноибони ректор, устодон, ҳайати дастаҳои олимпии донишҷӯён, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Нахуст ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад, инчунин, амрҳои эшонро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи бузургу муътабари устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо ва асоси масъулияти бештару афзун ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. Боиси хушҳолӣ дониста шуд, ки 4 нафар шогирдони мо соли 2022 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз аҳли ҳузур, масъулин, роҳбарон ва донишҷӯёни шомил ба дастаҳои олимпӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли 2023 тадбирҳои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳоро боз ҳам ҷоннок ва дастоварду натиҷаҳо, нуфузу эътибори Донишгоҳро бештар намоем.
Сипас, Зафар Мирзоён, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа дар мавзуи «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - эҳёгари чеҳраҳои нав», Холиқов Сафар, номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълим дар мавзуи «Озмуни «Илм фурӯғи маърифат» – қадамҳои саноаткунонии босуръати кишвар» ва Шоинов Ҳасан, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи «Роҳандозии озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» – василаи навбатии тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон» маърӯза намуданд.
Инчунин, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - Расулзода Абдулвосид, барандаи ҷойи 1-уми даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Абдураҳимзода Ҳабиба, барандаи ҷойи 2-юми даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус таассуроти хешро оид ба иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён намуданд.
Чунончи аз маърӯзаҳо бармеояд, яке аз тағйироту навгонӣ, имтиёзи вижа дар низомномаҳои озмунҳо ин аст, ки иштирокчиёни даври чоруми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» (аз ҳисоби хонандагони синфи 11) метавонанд барои таҳсил дар гурӯҳҳои ройгони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ, фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ бидуни озмун қабул карда шаванд.
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ чунин имтиёзи бесобиқа пешбинӣ шудааст. Соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун, дар баробари мукофоти калони пулӣ, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бидуни супоридани имтиҳон ба таври ройгон қабул карда мешаванд.
Дар фарҷоми ҳамоиш донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуривии озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, бо «Сипоснома»-и Раёсати Донишгоҳ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.