,
Шанбе, 21-июн
Имрӯз, 20-уми июни соли 2025, зимни баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон-қалби гарми сайёҳӣ» саҳнаи болидаву хотирмон дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба чашм мерасид. Гурӯҳи донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо рӯҳу ифтихори миллӣ либосҳои миллиро, аз ҷумла чакан, ба бар намуда, симои зебои фарҳанги тоҷикро дар баробари меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Чунин иқдом, ки бо ҳусни зебоӣ ва тобиши ватандӯстона иҷро гардид, на танҳо тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, балки як навъ гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пос доштани аносири фарҳанги ниёгон ба шумор меравад. Ҳузури духтарон бо чакан дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ аз рӯҳи баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дарак дода, аҳамияти либоси миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои шинахти фарҳангиро боз ҳам бештар таъкид кард.
Меҳмонони хориҷиву дохилӣ бо эҳсоси баланд ва назари эҳтиромомез ба зебоиву аҳамияти ин мероси фарҳангӣ менигаристанд ва иброз доштанд, ки чакан на танҳо як навъ либос, балки ифодаи тафаккури зебоиофар, шефтагии эстетикӣ ва рамзи бонувони ҳунарманду тамаддунофари тоҷик аст.
Маҳз чунин ташаббусҳо метавонанд ҳувияти миллиро дар фазои фарҳангии ҷаҳони муосир ҳифз ва таҳким бахшанд. Донишҷӯдухтарон бо ин амали шоистаи худ собит сохтанд, ки арзишҳои миллӣ на танҳо бояд ҳифз шаванд, балки бояд бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд.
Ин иқдоми зебо ва ватандӯстонаи донишҷӯдухтарон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокчиёни форуми байналмилалӣ гарму самимӣ пазируфта шуда, бо эҳсоси ифтихор ва қадрдонӣ ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ иброз гардид.