,
Шанбе, 21-июн
20-уми июни соли 2025 дар доираи баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон-қалби гарми сайёҳӣ» вохӯрии расмии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рузиев Ойбек Абдумуъминович баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ табодули афкор намуданд. Суҳбат асосан ба самтҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, ташкил ва баргузории конференсияҳои муштарак, лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ равона гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дотсент Сафарзода Мунир Ватан иброз доштанд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун пайвандгари фарҳангу дониш метавонанд нақши муҳим дар таҳкими дӯстию ҳамгироии халқҳои минтақа дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо муассисаҳои кишварҳои ҳамсоя, аз бандҳои мақсадноки стратегияи рушди донишгоҳ ба шумор меравад.
Бо дарназардошти наздикии фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии ду давлат, ҳамчунин таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти ҳар ду кишвар ба рушди илму маориф, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо ба сатҳи амалии тоза бардоранд. Дар заминаи ҳамин гуфтугӯҳо, байни ду муассиса шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки заминаи ҳуқуқии густариши равобити илмӣ ва таълимиро фароҳам меорад.
Лозим ба таъкид аст, ки ин гуна ташаббусҳо на танҳо ба рушди иқтидори илмӣ ва академӣ мусоидат мекунанд, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии ҷавонон дар фазои ягонаи илмии минтақа ба шумор мераванд.