,
Ҷумъа, 20-июн
20 июни соли 2025 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавии кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, коршиносони милливу байналмилалӣ, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.
Нахуст, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоятбуда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.
Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ қисмати расмии Форум оғоз гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ»-ро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва муҳити рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо мебошад.
Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии фарҳангҳо арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсусан таъкид гардидааст: «Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ метавонад дар таъмини рушди минтақаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир бозад».
Вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад.
Дар қаламрави вилоят беш аз 900 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.
Мавзеъҳои табиии зебо, аз қабили “Чилучорчашма”, “Сари Хосор”, “Дашти ҷум”, “Хуталон”, парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳои вилоят барои рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Имрӯз, вилоят самтҳои гуногуни сайёҳиро рушд медиҳад;
Ҳамзамон, анъанаҳои фарҳангиву маънавии мардуми Хатлон, ҳунарҳои мардумӣ, иди анъанавии Наврӯзи байналмилалӣ, “Сайри гули лола”, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, бузкашӣ, “Фестивали анор”, “Фестивали хӯрокҳои миллӣ” ва дигар чорабиниҳо ҳар сол сайёҳони зиёдеро аз дохил ва хориҷ ҷалб мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 баробар афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда худ далели рушду тавсеаи соҳа ва таваҷҷуҳи афзояндаи мардум ба имкониятҳои Хатлон мебошад.
Ҳадафи асосии Форуми имрӯза муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкили платформаи гуфтугӯи созанда миёни шарикон ва соҳибкорони соҳа мебошад.
Ҳамзамон, дар Форум раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонону иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Форум кори худро нимаи дуюми рӯз тибқи барнома дар се бахш идома медиҳад:
Итминони комил дорем, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш ба таҳкими ҳамкориҳои судманд, рушди лоиҳаҳои муштарак ва болоравии кишвари азизамон, бахусус вилояти Хатлон дар харитаи сайёҳии минтақа мусоидат хоҳанд кард.