,
Чоршанбе, 18-июн
Санаи 18-уми июни соли равон дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-рамзи пойдорӣ ва устувории миллат” бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Қаюмова Мубина, мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронс бо суханронии декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад оғоз гардида, зимни баромад ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ёдовар шуд, ки “Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст. Халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад. Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд. Ин аст, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад”.
Сипас, Тоиров Шермад- муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Мактаби сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва арзиши бузурги сиёсии он”, Холиқова Зайналбӣ – дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ваҳдату Истиқлолият-нишони ободии рӯзгор ва сарсабзии кишвар” ва Алишери Абдулмаҷид – досент дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу ваҳдат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
Дар охир ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.