,
Чоршанбе, 18-июн
Бо чунин ном санаи 18-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири кафедраи фалсафа, дотсент Ғаюрӣ Лоиқ, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Сафарзода Манучеҳр, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа, ҷонишини декан оид ба таълими факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои таърих Изатов Умед ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Мудири кафедраи фалсафа, дотсент Ғаюрӣ Лоиқ зимни ироаи сухани ифтитоҳии ҳамоиш аҳли нишастро ба муносибати фарорасии 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардумамон шароити мусоид фароҳам овард. Таърих собит намуд, ки ваҳдати миллӣ омили асосии оромиву субот ва ҷузъи муҳимтарини ҳувият, андеша ва ғояи миллии тоҷикон ба шумор меравад.
Сипас, Изатов Умед-номзади илмҳои таърих дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он”, Шокирзода Аёз-ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Фалсафаи сулҳи тоҷикон” ва Ҳасанов Маҳмадсаид-муаллими калони кафедра дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-муҳимтарин омили рушд ва пойдории ҷомеаи Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Иштирокчиён зимни ироаи маърӯзаҳо ёдовар шуданд, ки оғози марҳилаи навини давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят душвор ва гарон афтод. Мутаассифона, сарзамини куҳанбунёди мо “...ҳанӯз самараи истиқлолияти давлатиро фурсати чашидан наёфта, ба хатари марговаре рӯ ба рӯ омад, ки хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ба ӯ таҳдид мекард” Ин хатари марговар ҷанги шаҳрвандист, ки оқибатҳои он тасаввурнопазир ва даҳшатовар буд.
Дар охир ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.