,
Сешанбе, 17-июн
Санаи 14 июни соли 2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии уновҷӯи кафедраи илмҳои комютерӣ Ятимов Ҳомид Тоҳирович дар мавзуи “Асосҳои омодасозии мутахассисон оид ба амнияти иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, зери роҳбарии Аюбзода Сафар Аюб-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар муҳокима Аюбзода Сафар Аюб, дотсент-роҳбари илмии унвонҷӯй, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факулети физика ва математика, Қурбонова Умеда, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дотсентон Каримова Назокат, Сироҷиддини Давлаталӣ, Абдулазизов Абдулҳаким, Акрамова Рухшона ва ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Ҷонмаҳмадзода Исломиддин-дотсенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қурбонова Умеда-дотсент, сардори шуъбаи ТАКИП-и донишгоҳ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ятимов Ҳомид Тоҳирович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.