, Сешанбе, 17-июн

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 14 июни соли 2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии уновҷӯи кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо Ашурмадович дар мавзуи “Ҳалҳои дудаврдошта барои муодилаҳои сарборидоштаи функсияҳои аналитикии умумикардашуда бо шартҳои иловагӣ”, зери роҳбарии Сафаров Ҷумабой Сафарович - доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва муолилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

Дар муҳокима Сафаров Ҷумабой, профессор-роҳбари илмии муҳаққиқ, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факулети физика ва математика, Ғафорзода Алишер, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қурбонова Умеда, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Каримова Назокат, дотсент, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо ва ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Каримова Назокат-номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, Абдулазизов Абдулҳаким-номзади илмҳои физикаю математика, дотсент баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Кулобиев Мирзо Ашурмадович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат