, Сешанбе, 17-июн

ИШТИРОКИ ИФТИХОРАНГЕЗИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҚАРОРГОҲИ ЮНЕСКО


ИШТИРОКИ ИФТИХОРАНГЕЗИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҚАРОРГОҲИ ЮНЕСКО

Бо ифтихору сарфарозӣ иттилоъ медиҳем, ки профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, донишманди соҳибном ва бонуи боғайрату ватандӯст- Ашурова Нодира, дар конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштироки фаъоли ин бонуи донишманд дар ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки ба шеъру андешаи амиқи Ҳофизи Шерозӣ-яке аз сутунҳои аслии адабиёти тоҷику форс бахшида шудааст, ифтихори бузурге барои мардуми фарҳангдӯст ва илмомӯзи тоҷик мебошад. Суханронии пурмуҳтавои профессор-Нодира Ашурова, на танҳо донишу таҷрибаи амиқи илмии ӯро нишон дод, балки аз маром ва садоқати ӯ ба арзишҳои фарҳанги миллӣ шаҳодат дод.

Ин рӯйдоди муҳим собитгари он аст, ки зан-модари тоҷик, махсусан бонувони соҳибмаърифати макотиби олӣ, имрӯз дар сафи пеши пешрафт ва муаррифии фарҳанг ва тамаддуни миллати хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд. Ашурова Нодира ҳамчун чеҳраи фаъоли илмӣ ва намояндаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо суханрониву иштироки фаъолонаи хеш дар Париж, симои баланди илми тоҷик ва шукуфоии фарҳанги волои тоҷику форсро муаррифӣ намуд.

Ҳузури донишмандону олимони тоҷик дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд аз самари сиёсати фарҳангпарваронаву маърифатдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат дар роҳи таҳкими мавқеи илм ва фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. Ин дастоварди илмӣ-фарҳангӣ, бешак, заминаи мусоиде барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, боло бурдани эътибори илми тоҷик ва муаррифии арзишҳои бостонии фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён хоҳад шуд.

Раёсат ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва сарфарозӣ аз комёбиҳои ин бонуи фарзонаи тоҷик, ба профессор Ашурова Нодира барои расидан ба чунин ҷойгоҳи баланд ва муаррифии шоистаи илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ изҳори таҳсин ва шодбошӣ менамоянд.

Таманно дорем, ки ин комёбӣ оғози марҳилаҳои боз ҳам баланди рушд ва муваффақиятҳои нави илмӣ-фарҳангӣ гардад. Бигзор донишу таҷрибаи Шумо чун чароғи раҳнамо дар роҳи бедории фикрӣ ва худшиносии миллӣ ба насли наврас хизмат намояд ва садои фарҳангу маърифати тоҷик дар минбарҳои ҷаҳонӣ бештару баландтар танинандоз гардад.




Ба рӯйхат