, Сешанбе, 10-июн

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

 09.06.2025 15

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 9 июни соли 2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи химия ва методикаи таълими он Хоҷаев Исроил Исмоилович дар мавзуи “Дар муҳитҳои кислотагӣ ва ишқорӣ аз маъданҳои алюминийдори Тоҷикистон ҷудо кардани алюминий”, зери роҳбарии номзади илмҳои техникӣ, дотсент Маматов Эргаш баргузор гардид.

Дар муҳокима Маматов Эргаш, дотсент-роҳбари илмии докторант, Холиқов Сафар-номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, Бобоев Бахтиёр-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, Уроқов Мирзомурод-дотсент, Шарипов Аламшо-номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи илмҳои комютерӣ, ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Шарипов Аламшо-номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва Холов Х.И, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сайдриддин Айнӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Хоҷаев Исроил Исмоилович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат