, Сешанбе, 10-июн

САМАРАИ ЗАҲМАТИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БОҒИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВИИ ДОНИШГОҲ

 07.06.2025 26

САМАРАИ ЗАҲМАТИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БОҒИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВИИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз (07.06.2025) дар заминаи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғу боғдорӣ равона гардидааст, дар Қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, корҳои ҷамъоварии ҳосили мева оғоз ёфт.

Боғи мазкур, ки масоҳати умумии он 3 гектарро дар бар мегирад, самараи заҳмату меҳнати дастаҷамъонаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ мебошад. Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва бо ҷалби васеи кормандони бахшҳои мухталиф, корҳои мевағундорӣ бо руҳияи баланди меҳнатдӯстӣ ва эҳсоси масъулият ба роҳ монда шуд.

Тибқи маълумоти масъулин қисме аз меваҳои ҷамъоваришуда дар заминаи Парки технологии донишгоҳ коркард шуда, барои таъмини кӯдакистони “Ситора”-и назди донишгоҳ дар фасли зимистон, ба шакли мураббо ва нӯшоба захира мегарданд. Қисми дигари ҳосил бошад, ба таври ройгон ба устодону кормандони донишгоҳ тақсим карда мешавад. Айни замон, корҳои ҷамъоварии мева идома дошта, дар фазои дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ анҷом меёбанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин ташаббус на танҳо ҳамчун як иқдоми муҳимми таълимӣ-таҷрибавӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад, балки дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии муассисаҳо бо маҳсулоти ватанӣ низ саҳми арзанда мегузорад.




Ба рӯйхат