, Ҷумъа, 01-август

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 30.05.2025 дар кафедраи география ва саёҳии  факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари назариявӣ ва илмӣ-методии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар семинар муаллими калони кафедра Каримҷони Музаффар дар мавзуи “Рушди туризми рекреатсионӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон: замина ва инкишофи он дар соҳаи сайёҳӣ” маърӯза намуд.

Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуи матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!