,
Шанбе, 31-май
Рӯзи 28 майи соли 2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Абулқосим Лоҳутӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик” баргузор гардид.
Дар конференсия декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Қаюмова Мубина, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни ироаи сухани ифтитоҳии конфронс декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад перомуни масъалаи “Абулқосим Лоҳутӣ - асосгузори шеъри нав дар Тоҷикистон” ибрози назар намуд.
Сипас, дотсент Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Бозтоби фаъолияти эҷодии Абулқосим Лоҳутӣ дар мактубҳо ба Садриддин Айни” баромад намуда, ҷанбаҳои муҳими ҳаёт ва эҷодиёти устод Лоҳутиро баррасӣ намуданд.
Конференсия дар фазои мусоид ҷамъбаст гардида, саҳми Абдулқосим Лоҳутӣ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун мавзуи муҳими таҳқиқ ва омӯзиш таъкид гардид.