, Ҷумъа, 30-май

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 28.05.2025 44

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (28.05.2025) муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Зимни сафар муҳтарам Лутфия Абдухолиқзода Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъйин намудани Сафарзода Мунир Ватанро ба аҳли кормандони донишгоҳ ироа намуданд. Дар зимн аз дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани раванди корҳои таълиму тарбия ва илмӣ дар муассиса ёдовар шуда, дар ин ҷиҳат назди ҳайати кормандон вазафагузориҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ муовини вазир бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти кории собиқ ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек таъкид дошт, ки номбурда дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши бориз дорад. Дар давраи роҳбарии ӯ донишоҳ ба як қатор пешравиҳо ноил гардид.

Дар идома Сафарзода Мунир Ватанро ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардидан табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 28 майи соли 2025 №309

ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»

таъин намудани Сафарзода М.В.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Мунир Ватан ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

Сафарзода Мунир Ватан (Сафаров Мунир Ватанович)  таваллуд: 11 марти соли 1987, ш. Кӯлоб, в. Хатлон; тоҷик, маълумот: олӣ- муҳандис-барномасоз, иқтисодчӣ, номзади илмҳои педагогӣ (2014), дотсент (2020), омӯзгор, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи «Олими ҷавон-2013»-и Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон.

Сафарзода Мунир Ватан 11 марти соли 1987 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1994 аз мактаби миёнаи №5 шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1996-2000 дар Литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, аз соли 2000 таҳсилро дар Литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии ш.Кӯлоб идома дода, онро соли 2005 бомуваффақият хатм намудааст.

Соли 2005 ба Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (ҳозира Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб) дохил шуда, соли 2010 онро бо ихтисоси Муҳандис-барномасоз муваффақона хатм кардааст. Соли 2014 ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (таълими ғоибона) дохил шуда, онро соли 2016 аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 2010-2011 ҳамчун тарҷумони Ташкилоти ғайридавлатии «Заршедабону», 2011-2012 ассистенти кафедраи информатика ва технологияи иттилоотии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2012-2013 мутахассиси маркази бақайдгирӣ ва НКТ-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2013-2014 сармутахассиси маркази бақайдгирӣ ва НКТ-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2014-2016 декани факултети иқтисод ва идораи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2016-2019 декани факултети физика ва математикаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2020-2022 сардори маркази таҳсилоти фосилавии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2022-2023 мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 2023-2025 дар вазифаи муовини ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ оид ба тарбия фаъолият намудааст.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2025 №309 ба вазифаи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъйин шуд.

Мавзуи таҳқиқоти илмии дотсент Сафарзода М.В. ба масъалаи таъсири моделсозии компютерӣ ба рушди тафаккури мантиқӣ, эҷодӣ ва таҳлилии хонандагон равона гардида, дар ин ҷиҳат омӯзиши роҳҳо ва усулҳои самараноки истифодаи моделсозии компютерӣ дар раванди таълим, махсусан дар фанҳои дақиқ ва технологӣ, барои такмили малакаҳои ҳалли масъалаҳои компютерӣ ва таҳкими савияи маърифатии хонандагонро дар бар мегирад. Соли 2014 дар мавзуи «Моделсозии компютерӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули тафаккури хонандагон барои ҳалли масъалаҳои компютерӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор А. Комилӣ ва номзади илмҳои педагогика, дотсент Ш.Юнусов рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 4 монография, 6 васоити таълимию дастури методӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ мебошад.

Дотсент Сафарзода М.В. барои хидматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (2018); барои дастовардҳои илмӣ бо  Ҷоизаи «Олими ҷавон-2013»-и Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.




Ба рӯйхат