, Душанбе, 18-август

ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН


ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН

Аз 19 то 23 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнону румӣ миёни варзишгарони синну соли 20 ва 23-сола баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ варзишгарони пуртаҷрибаю умедбахш аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқа ду нафар донишҷӯи фаъолу варзишгар аз факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд.

Файзуллоев Абубакр, донишҷӯи курси 3-юм дар вазни 77 кг иштирок намуда, дар байни рақибонаш маҳорати баланди варзишии худро нишон дода, ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ҳамчунин, Ҳабибов Мусаллам, донишҷӯи курси 1-ум, дар вазни 55 кг ба сабқат баромада, бо иродаи қавӣ ва омодагии ҷиддӣ сазовори медали биринҷӣ гардид.

Ин дастоварди варзишгарони ҷавон далели равшани талошу заҳматҳои пайваста ва дастгирии мунтазами роҳбарияти донишгоҳ дар самти рушди варзишу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Роҳбарият ва ҳайати устодони донишгоҳ ба ин донишҷӯёни фаъол барои дастовардҳои арзандаашон дар арсаи варзиш изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барору комёбӣ орзу менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5nv0kg3226b1ns3b1cumkj748o in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5nv0kg3226b1ns3b1cumkj748o): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274