, Ҷумъа, 30-май

“ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

 27.05.2025 14

“ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Рӯзи 27 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Озмун бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром оғоз ёфт. Ӯ ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, ҳадафу аҳамияти баргузории озмунро шарҳ дод. Сипас, шартҳо ва тартиби баргузории озмун тибқи низомнома ба иштирокчиён фаҳмонда шуданд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии ин иқдом арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корномаи наҷибу фаъолияти густурдаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар эъмори давлатдории миллӣ мебошад. Озмун инчунин ба рушди малакаҳои суханварӣ, боло бурдани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин дарёфти чеҳраҳои болаёқат дар самти эҷод ва раҳбарӣ равона шудааст.

Тибқи низомномаи озмун, он дар ду марҳила-донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Ғолибони даври донишгоҳӣ, ки аз миёни донишҷӯёни тамоми факултетҳо интихоб мешаванд, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ мегарданд.




Ба рӯйхат