,
Ҷумъа, 30-май
Иброҳими Юсуф - сармутахассиси маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Сертификати байналмилалӣ аз ҷониби Платформаи байналмилалии ЮНЕСКО (International Institute of Online Education – IIOE) қадрдонӣ гардид.
Сертификат пас аз анҷоми муваффақонаи курси омӯзишии “Истифодаи зеҳни сунъии генеративӣ ҳамчун воситаи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” (Генеративный искусственный интеллект как инструмент преподавания в высшей школе) супорида шуд.
Курс дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи ЮНЕСКО оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар маориф (UNESCO IITE) ва Платформаи таҳсилоти онлайнии UNESCO IIOE таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.
Мақсади курс омӯзиши роҳҳои самараноки истифодаи зеҳни сунъии генеративӣ дар ҷараёни таълим ва омӯзиш мебошад. Иштирокчиён малакаҳои заруриро оид ба татбиқи АI дар фаъолияти омӯзгорӣ, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии донишҷӯён ва пешбурди дарс дар шаклҳои гуногун (онлайн ва гибридӣ) аз худ карданд.
Дастоварди Иброҳими Юсуф-сармутахассиси маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» - солҳои 2020-2040 намунаи равшани пайгирии равандҳои муосир ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар рушди таҳсилоти олӣ маҳсуб мешавад.
Раёсати донишгоҳ ин дастовардро ба Иброҳими Юсуф ва ҷомеаи меҳнатии муассиса табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамояд.