, Ҷумъа, 27-декабр

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 02.02.2023 408

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

 

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд - озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:

- адабиёти кӯдакон ва наврасон;

- адабиёти классикии тоҷик;

- адабиёти муосири тоҷик;

- адабиёти ҷаҳон;

- эҷоди назм;

- эҷоди наср.

4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон (2 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи чорум - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи чорум - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи эҷоди назм (3 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи эҷоди наср (3 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъба ва бахшҳои вилоятию минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

10. Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Салоҳияти комиссияи озмун:

- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

- барои ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

- муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври чорум;

- таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;

- баррасии пешниҳоди ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти иштирокчиён;

- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чоруми озмун;

- ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2023 то моҳи ноябри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

-даври якум - моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

Эзоҳ: донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад.

-даври дуюм – нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо;

Эзоҳ: даври дуюми озмун аз ҷониби намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

-даври сеюм - моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

-даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад.

13. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба комиссияи ҷумҳуриявӣ бо тасдиқи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҳакамон ба даври чорум пешниҳод мешавад.

14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.

16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 сентябр муқаррар карда мешавад. Масъулони баргузории озмун вазифадоранд, ки то 1 октябр тамоми осори пешниҳоднамудаи иштирокчиёни номинатсияи назму насрро барои даври чоруми озмун ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муҳокима ва таҳияи тақриз пешниҳод намоянд.

18. Роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ ва омӯзгор ҷиҳати омода намудани хонанда ба озмун метавонанд бо падару модар ё сарпарасти ӯ шартнома ба имзо расонанд. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.

19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок карда метавонанд.

21. Иштирокчии озмун ба рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.

22. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.

23. Ҳайати ҳакамони озмун аъзои фаъоли китобхона будани иштирокчиро ба инобат мегиранд.

24. Ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад.

25. Пешниҳоди осори азбаршуда асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Иштирокчии озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба иштирокчие, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.

26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.

27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок менамоянд.

28. Асарҳои ба озмун пешниҳоднамудаи ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки ба даври чорум пешниҳод шудаанд, барои муҳокимаю баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода мешаванд. Иттифоқи нависандагон то саршавии даври чорум хулосаи мутахассисонро ба комиссияи озмун пешниҳод мекунад. Асарҳое, ки хулосаи Иттифоқи нависандагонро нагирифтаанд, ба даври чоруми озмун қабул карда намешаванд.

29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.

30. Иштирокчиёни озмуни номинатсияи назму наср вазифадоранд, ки пеш аз оғози озмун дар мавзуи аз ҷониби ҳайати ҳакамон пешниҳодшуда кори эҷодии хаттӣ пешниҳод намоянд. Холҳои гирифтаи кори эҷодии хаттӣ ба холҳои умумии иштирокчӣ илова карда мешавад.

31. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад). Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

32. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, пурғалат будани дафтар, ҳамчунин, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда холи довталаб кам карда мешавад. Ҳакамон метавонанд, ки ба рӯйхати пешниҳоднамудаи довталаб маҳдуд нашуда, ба ӯ аз асарҳои дигари маълуму машҳури адибони муосиру классику ҷаҳон вобаста ба номинатсияи иштироккардааш савол диҳанд.

33. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.

34. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар назди шуъба ва раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 31 санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

35. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад:

-барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

-иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;

- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

 - иштирокчии номинатсияи эҷоди назму наср асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ ё нав, адабиёти кӯдакону наврасон, насру драма пешниҳод менамояд.

36. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назм таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд талаб карда мешавад.

37. Аз довталаби номинатсияи эҷоди наср таълифи 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе (барои хонандагони синфҳои 8-11), 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе 1 повест, 1 драма (барои гурӯҳҳои дигар) талаб карда мешавад. Барои пешниҳоди роман афзалият дода мешавад.

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

38. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

- барои таваҷҷуҳ ба мавзуҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

39. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо то 30 дақиқа вақт дода мешавад.

40. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди иштирокчиён ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо ва ҷавобҳои пурра 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 9 хол, барои ҷавоби хуб 7-8 хол, барои ҷавоби миёна 5-6 хол, барои ҷавоби аз миёна поёнтар 3-4 хол, барои ҷавоби суст 1-2 хол гузошта мешавад.

41. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср, тарзи интихоби мавзуву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату таъбирҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.

42. Довталаби бахши назм бояд дар мавзуъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб замони иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.

43. Асарҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни номинатсияи эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси хулоса ва тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

44. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро раиси комиссияи озмун бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:

- тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;

- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

- натиҷаи озмунро дар суратҷаласа дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд.

45. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

46. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

47. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

48. Хароҷоти баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

49. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

50. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойи якум ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё дарёфти Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ё «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

54. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд, инчунин ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

55. Рӯйхати ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН

58. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

- маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

- миқдори ашъори азёдшуда;

- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

-протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.

59. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд.

11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври чоруми озмун аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

61. Агар ғолиби номинатсияҳои пешниҳодшуда сазовори Шоҳҷоиза гардад, натиҷаи ҷойҳои ишғолкардаи ғолибони ҳамон номинатсия як зина боло бардошта мешавад.

62. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти кӯдакону наврасон, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

12. ИМТИЁЗҲО

63. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), ки дар даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати то се сол бе озмун ба тариқи ройгон дар асоси тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

64. Иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

65.Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

 

Аъзои комиссия:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.




Ба рӯйхат