,
Шанбе, 24-май
Чорабинии Бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабддуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол
Шоми 22 майи соли 2025, дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар минтақаи Кӯлоб Мадализода Дилшод ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни ироаи сухани табрикотӣ қайд намуданд, ки дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳафзо мову Шумо бо қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан ва ифтихор аз ҷавонмардиву комёбиҳои насли ҷавон, дар ҳамоиши пуршукуҳи “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъ омадаем. Бо камоли мамнуният ва иродатмандӣ ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрику шодбош гуфта, орзуманди саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятон дар роҳи ободу сарсабзии Тоҷикистони гулбадомон ҳастем.
Таъкид гардид, ки ирӯз, вақте дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин ду санаи муҳими ҳаётии ҷомеа таҷлил мегардад, мо бо эҳсоси баланди масъулият, бо бовар ба неру ва иродаи созандаи ҷавонон, сарфароз аз дастовардҳои фарзандони ин миллати соҳибтамаддун шукронаи собватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо меоварем. Дар ин баробар ҳиядоятҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар нисбати ҷавонон-"Ҷавонон на танҳо ояндаи давлатанд, балки имрӯз худ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд" сармашқи кор ва манбаи илҳоми фаъолияти худ медонем.
Бо таваҷҷуҳ ба Рӯзи ҷаҳонии футбол таъкид гардид, боиси ифтихор ва шарафмандии халқи тоҷик аст, ки ҷумҳурии мо ташаббускори эълон гардидани рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ин иқдом на танҳо як дастоварди варзишӣ, балки далели возеҳи саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди варзиши ҷаҳонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамгироии кишварҳо маҳсуб меёбад.
Ин пайки сурурбахшу ифтихорафзо гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар бо тамоми имконот барои ҳимоя ва рушди иқтидори ҷавонон талош меварзад.
Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар минтақаи Кӯлоб Мадализода Дилшод зимни суханрониҳои худ, таъкид доштанд, ки шумо, ҷавонон, насли ояндасоз, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҳомиёни илму фарҳанги миллӣ ва бунёдкорони ҷомеаи мутамаддин ҳастед. Шумо бояд ҳамеша дар сафи пеши илм, варзиш, фарҳанг, ихтироъкорӣ ва хидмат ба мардум бошед.
Дар идомаи чорабинӣ, як қатор ҷавонони фаъоли донишгоҳ барои фаъолияти назаррас дар самти таҳсил, фарҳанг, варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаи Раёсати донишгоҳ, КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.
Сипас, барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ, иборат аз суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Барномаи фарҳангӣ бисёр шавқангез ва хотирмон буд. Дар барномаи ҳунарии кормандони ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот, рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ ва васфи ҷавонию зебоиҳо он садо доданд.
Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки ҷавонони донишгоҳ пайравони ҳақиқии Пешвои миллат буда, дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушду шукуфоии ҷомеа нақши муассир доранд.