,
Шанбе, 24-май
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Осорхонаи миллии Тоҷикистон — бозгӯйи таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсент, Каримҷонзода Манучеҳр, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Файзов Рамазон, мутахассиси осорхонаи донишгоҳ Шоинов Ҳасан, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Сафаров Холмад ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Мизи мудавварро декани факултет, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши муассисаҳои осорхонавӣ дар ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷавонон суханронӣ кард. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин барномаҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, ҷаҳонбинии таърихии худро такмил диҳанд.
Дар идома, маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои марбут ба таъриху фарҳанги миллӣ ироа гардиданд. Шоинов Ҳасан - мутахассиси осорхонаи донишгоҳ дар мавзeи “Аз таърихи таъсиси Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” суханронӣ намуда, раванд ва марҳилаҳои ташаккули он, инчунин нақши осорхонаи донишгоҳро дар рушди маърифати донишҷӯён тавзеҳ дод.
Сипас, дотсент Сафаров Холмад дар мавзуи “Осорхонаи миллӣ - оинаи таърих ва тамаддуни халқи тоҷик” баромад намуда, ба аҳамияти бозёфтҳои нодири таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ишора кард.
Дар идома дотсент Файзов Рамазон дар мавзуи “Осорхона — бозгӯйи таърих ва тамаддун” доир ба таъсири осорхонаҳо дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа андешаҳои худро баён намуд.