,
Панҷшанбе, 22-май
Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва дақиқ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Имрӯз, 21.05.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр баргузор гардид.
Дар рафти баргузории ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, и.в. директори маркази методии раёсати маорифи вилоят Сангинов Муъмин, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он Холиқов Сафар доир ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва нақши илм дар рушду инкишофи ҷомеаи башарӣ изҳори андеша намуда, ба кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.
Дар идома ҷониби масъулин тартиби баргузории озмунро тибқи муқаррароти Низомнома, бори дигар, ба иштирокчиён фаҳмониданд. Зимнан тартиби ба роҳ мондани корро дар бахшҳо, ки давоми рӯз идома ёфт, ба ҳозирин фаҳмонид.
Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ баргузор гардида, то санаи 22 май идома хоҳад ёфт.