,
Сешанбе, 20-май
Дар ҳошияи истиқбол аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май), дар сатҳи ҷумҳуриявӣ Спартакиадаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маҳорати баланди варзишӣ ва рӯҳияи бузурги дастҷамъона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ин мусобиқаи варзишӣ бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он ҷалби бештари кормандони соҳаи маориф ба тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзиш ва таҳкими ҳамбастагӣ байни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ арзёбӣ гардид.
Ҳайати дастаи донишгоҳ дар ин мусобиқа бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори касбӣ ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Ин натиҷа бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш буда, боз ҳам нақши муассисаро дар ташаккули инсони комил ва солим дар баробари корҳои илмӣ-таълимӣ нишон медиҳад.
Бидуни шубҳа, ин дастоварди шоиста тӯҳфаи арзандаест ба ифтихори 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ. Ҳамкории пурсамар, иродаи қавӣ ва ҷонибдории ҳамаҷонибаи ҳайати роҳбарияти донишгоҳ аз варзиш омили муҳим дар расидан ба ин натиҷаи арзанда ба шумор меравад.
Раёсати донишгоҳ ба ҳайати дастаи футболбозони кормандон, ки шарафи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳимоя намуданд, изҳори сипос ва таманнои нек ироа намуда, барои ҷомеаи меҳнатии муассиса дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият барору комёбиҳо орзу менамояд.