, Сешанбе, 20-май

ПИРӮЗИИ БОШУКУҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 19.05.2025 13

ПИРӮЗИИ БОШУКУҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Имрӯз (19.05.2025) дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни узви дастаи олимпии дониишгоҳ-ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Ғолибонро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия дотсент Сафарзода Мунир ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.

Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ бахшида ба ин дастоварди муҳиму ифтихорафзо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар оғоз муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, ғолибон ва роҳбарони онҳоро ба муносибати ин муваффақияти назаррас самимона табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки ин дастовард туҳфаи арзанда ва боғайратонаи донишҷӯёну устодон ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат маҳсуб меёбад.

Дар идомаи суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зикр гардид, ки ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи баланд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи дониш, тавсеаи тафаккури эҷодӣ ва рушди қобилиятҳои илмию зеҳнии донишҷӯён мусоидат намуда, ҳар гуна ташаббусу навоварии ҷавонони болаёқат мавриди қадршиносӣ қарор мегирад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳандозии ҳавасмандгардонии саривақтӣ барои донишҷӯёни фаъол ва устодони роҳнамо яке аз омилҳои калидии тарбияи кадрҳои болаёқат ва ташаккули ҳисси масъулияти илмӣ дар миёни насли наврас мебошад. Дар ҳамин замина, ғолибон ва роҳбарони онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, барои рушди минбаъдаи фаъолияти илмию таълимии онҳо иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар идомаи ҷаласа муовинони ректор, дотсентон Рафиев Сафархон, Худойдодова Шарофат, роҳбарони илмии донишҷӯёни ғолиб, дотсентон Муродова Гулчеҳра, Шамшоди Ҷамшед, Ғаюров Лоиқ, муаллими калон Шоинов Ҳасан баромад намуда, дастоварди навбатии ҳайати устодону донишҷӯёнро барои муассиса ифтихорафзо ва шоистаи таҳсин хонда, ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар ин роҳ барору музаффариятҳои беназир таманно намуданд.

Сипас, ғолибони озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати ташкили шароити мусоиди таълиму тадрис ва ташкилу баргузории  озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ба омӯзгорону раёсати донишгоҳ барои дастгириҳои пайваста баён доштанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.

Боиси ифтихор ва шоёни таҳсин аст, ки зимни баргузории олимпиада дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 10 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) миёни 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ сазовори мақоми сеюм гардиданд.  Ин музаффарият - шаҳодати рӯшанест аз сатҳи баланди омодагии илмию методӣ ва масъулияти устодону шогирдон.

#ҶОЙИ_АВВАЛ

  1. Раҳматова Фотима Идишоевна - донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, зери роҳбарии Шамшоди Ҷамшед- номзади илмҳои филологӣ, дотсент;
  2. Шабнами Наҷмиддин - донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, аз фанни фалсафа, зери роҳбарии Ғаюров Лоиқ- доктор PhD аз рӯи ихтисоси фалсафа, дотсент.

#ҶОЙИ_ДУЮМ

  1. Қурбонзода Саймуртазои Комил - донишҷӯи курси 5-уми факултети химия ва биология, ихтисоси биология-экология, аз фанни биология-экология, зери роҳбарии Исуфзода Дилшод - номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент.

#ҶОЙИ_СЕЮМ

  1. Музафарова Хуршедаҷон Абдуҷабборовна - донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи рус, ихтисоси забон ва адабиёти рус, аз фанни забони русӣ, зери роҳбарии Нурматов Ёқуб - ассистенти кафедраи забони муосири рус;
  2. Султони Амирхон - донишҷӯи курси 3-юми факултети факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, аз фанни таърих, зери роҳбарии Холмуродзода Меҳрафрӯз - номзади илмҳои таърих, дотсент;
  3. Муродов Аюбҷон Абдуллоҷонович - донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлат ва ҳуқуқ, аз фанни сиёсатшиносӣ, зери роҳбарии Муродова Гулчеҳра – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
  4. Азимова Меҳрона Мирзохоновна - донишҷӯи курси 3-юми факултети молиявию иқтисодӣ, ихтисоси молия ва қарз, аз фанни назарияи иқтисодӣ, зери роҳбарии Шарипов Бедил- ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;
  5. Сайназаров Зуҳуриддин Нуриддинович - донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилали, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, аз фанни ҳуқуқшиносӣ, зери роҳбарии Исозода Заррина-муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ;
  6. Некрӯзи Каримхуҷа - донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика, ихтисоси математика, аз фанни математика, зери роҳбарии Сироҷиддини Далаталӣ – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

#ИФТИХОРНОМА

  1. Мирзозода Шаҳноза - донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, аз фанни педагогикаи умумӣ, зери роҳбарии Ёрмадов Алишер - муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи узви дастаи олимпии муассиса, устодон ва садоратҳои факултетҳо Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ тақдим гардида, донишҷёни ғолиб ва роҳбарони онҳо ҳавасманд гардонида шуданд.




Ба рӯйхат