,
Сешанбе, 20-май
17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.
Хурсандиовар аст, ки дар ин олимпиада дастаи олимпии Донишгоҳ дар ҳайати 15 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок варзида, аз ин шумора 10 нафар ба гирифтани ҷойҳои намоён шарафёб гардиданд. Аз ҷумла 2 нафар ҷойи якум, 1 нафар ҷойи дуюм, 6 нафар ҷойи сеюм ва 1 нафар ҷойи ифтихорӣ.
Инчунин аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ бошад, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мақоми сеюмро касб намуд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш — илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.
Раёсати донишгоҳ ҳамаи ғолибон, иштирокчиёни фаъоли олимпиада ва роҳбарони онҳо – ки бо масъулияти баланд донишҷӯёнро ба олимпиада омода намуданд, миннатдорӣ баён намуда, ба онҳо дар роҳи донишандӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва комёбиҳои минбаъда барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.