, Душанбе, 19-май

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

 18.05.2025 9

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи 18-уми майи соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, варзишгарон, наврасону ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо ва кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бештар аз 4 ҳазор нафарро ташкил медод, баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд гардид, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Дар мусобиқаи мазкур кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар натиҷа донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни ҷавонон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Саидакбари Саидумар - донишҷӯи курси чорум сазовори ҷойи якум;

Фармонов Насриддин - донишҷӯи курси дуюм сазовори ҷойи дуюм;

Саидов Кароматулло - донишҷӯи курси чорум сазовори сеюм гардид.

Ҳамзамон, Файзиев Пулодҷон, омӯзгори донишгоҳ дар ин масофа миёни калонсолон сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.




Ба рӯйхат