,
Душанбе, 19-май
Санаи 17 майи соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдусаломзода Давлаталӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккул ва рушди маркетинг дар корхонаҳо (дар мисоли корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Навруз Носири барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D051100-Маркетинг (6D051101-Маркетинг) баргузор гардид.
Дар муҳокима Содиқзода Зафар - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Абдулов Дилшод, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, Навруз Носири, дотсент, роҳбари илмии докторант, Назаров Муродалӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, дотсентони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Каримов Б.Х., Ғуломов Зикрулло, дотсентони донишгоҳ Фатҳуллозода Абдухолиқ, Куганов Неъмат, Сафаров Аъзам, Давлатов Миралӣ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Худоёров Ш.Ҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз ва Абдулов Дилшод, номзади илмҳои иқтисодӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Абдусаломзода Давлаталӣ бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.