, Душанбе, 19-май

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

 17.05.2025 9

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 17 майи соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Фатозода Аминҷон Тоирҷон дар мавзуи “Ҷанбаҳои когнитивии фраземаҳо ва ибораҳои феълӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, дотсент Каримзода Шуҳрат Бозор барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300-Забоншиносӣ (6D021302-Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор гардид.

Дар муҳокима Муродзода Баҳриддин номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи хориҷӣ, Давлатов Файзиддин, номзади илмҳои филологӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, Гуламадшоев Шокиршо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, Робияи Абдусамад, доктори фалсафа PhD - доктор аз рӯйи ихтисос, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, Саидова Нилуфар, номзади илмҳои филологӣ,  Сайдалиева Фотима мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Гуламадшоев Шокиршо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Самариддинов Қурбон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Данғара (тақриз аз ҷониби котиби ҷаласа хонда шуд) баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Фатозода Аминҷон Тоирҷон бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат