, Шанбе, 17-май

АСОСҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ-ИХТИРОЪ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ОН

 15.05.2025 11

АСОСҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ-ИХТИРОЪ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ОН

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо вобаста ба соҳа санаи 15.05.2025 аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ-ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқи он” баргузор гардид.

Дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, директори китобхонаи давлатии патентию техникии муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” Холиқов Тоҳир, намояндагони муассисаи мазкур ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар оғози семинар муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи иттилоотии онҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда инчунин аз мазмуну муҳтавои мавзуи семинар ва нақши он дар шароити ҷаҳони муосир ёдовар шуд.

Сипас, Холиқов Тоҳир - директори китобхонаи давлатии патентию техникии муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ”, Шарипов Соатулло - сармутахассис-коршиноси раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии марказ дар мавзуи “Ихтироъ, мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он” ва Сафаралиев Ҳусейн-ходики калони илмии раёсати мазкур дар мавзуи “Тартиби гузронидани ҷустуҷуи мавзуӣ-иттилоотӣ” баромад намуд.

Иштирокчиёни семинар дар қисмати музокира бо саволу пешниҳодҳо баромад намуда, аз ҷониби мутахассисон посухҳои мушаххас гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки доир ба мавзуъ маводи иттилоотӣ, дастурҳо ва маслиҳатҳои амалӣ низ ба ҳозирин пешниҳод гардид.




Ба рӯйхат