, Шанбе, 17-май

ОИЛА-САРЧАШМАИ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТУ ЯКДИЛӢ

 15.05.2025 14

ОИЛА-САРЧАШМАИ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТУ ЯКДИЛӢ

Бо чунин ном имрӯз (15.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати тарбияи донишгоҳ, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки ҳайати васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, раиси шурои занону духтарони донишгоҳ Рӯзиева Барно, декани факултети филологияи рус, дотсент Одинамо Шарипова, декани факултети иқтисод ва идора, дотсент Расулова Лутфия ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова оғоз ёфт. Зикр гардид, ки оила яке аз арзишҳои бузурги инсонӣ ва пояи устувори ҷомеа мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба нақши муассири оила дар тарбияи насли солим ва ташаккули шахсияти инсон, таҷлили ин рӯз дорои аҳамияти вижаи тарбиявӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Дар идома, Рӯзиева Барно- раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ, Шарифзода Одинамо, дотсент, декани факултети филологияи рус, Расулзода Лутфия, дотсент, декани факултети иқтисод ва идора, инчунин иштирокчиён перомуни мавзуъҳои муҳими оиладорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ дар заминаи оила, нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва пешгирии оилаҳо аз хатарҳои замони муосир ибрози назар намуданд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муҳаббату ваҳдати байни аъзои оила ва тарбияи дурусти ҷавонон равона гардида буд.




Ба рӯйхат