, Шанбе, 17-май

АНДОЗ ВА РАҚАМИСОЗӢ-ЗАМИНАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

 15.05.2025 23

АНДОЗ ВА РАҚАМИСОЗӢ-ЗАМИНАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Бо чунин ном санаи 15 майи соли 2025 ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати андозсупории аҳолӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронии шаҳрвандон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Мақсади баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, тавсеаи фаҳмиши шаҳрвандон - бахусус ҷавонон, оид ба зарурати иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон, шиносоӣ бо имкониятҳои хизматрасониҳои рақамии Кумитаи андоз, муаррифии барномаҳои замонавии иттилоотӣ, аз ҷумла «Андози ман» ва инчунин вусъати донишу малака дар самти истифодаи платформаҳои рақамии давлатӣ арзёбӣ гардид.

Муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни ифтитоҳи вохӯрии ҳайати меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иқдоми онҳоро ҷиҳати баргузории ин ҷамъомад муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди тафаккури иқтисодӣ ва боло бурдани масъулияти иҷтимоии ҷавонон омили муҳим ва муассир дар роҳи баландбардории маърифати андозсупории шаҳрвандон ва ташвиқу тағиби ҷомеа ба он мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  гардида буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, бо иқтибос аз Паёми Сарвари кишвар гуфта шуд, ки: «Рақамикунонии низоми идоракунӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат буда, мақсади он осонсозии муомилот бо шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва коҳиши омилҳои коррупсионӣ мебошад».

Дар идома Нурзода Ҷумъахон-сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз, доир ба ислоҳоти низоми андозбандӣ ва раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ баромад намуда, ба аҳамияти амалии барномаи муосири иттилоотии «Андози ман» таъкид кард. Зикр шуд, ки ин барнома барои шаҳрвандон ва соҳибкорон имконият медиҳад, ки уҳдадориҳои андозии худро ба таври фосилавӣ, шаффоф ва босамар иҷро намоянд.

Солеҳзода Абдурозиқ – сардори шуъбаи иттилоот ва дастгирии андозсупорандагон, баромади худро ба самтҳои афзалиятноки рақамисозии соҳаи андоз бахшида, оид ба сабти фосилавии фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи Портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ ва шаклҳои содашудаи пардохти андозҳо маълумоти муфассал дод.

Дар қисми музокира омӯзгорону донишҷӯён саволҳо ва пешниҳодҳои худро бо рӯҳияи фаъоли шаҳрвандӣ ироа намуданд. Намояндагони Кумитаи андоз ба саволҳои пешниҳодгардида бо посухҳои мушаххас ва шарҳҳои муфид баромад намуда, ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ пешниҳод карданд.

Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда баргузор гардида, ба ҳайати омӯзгорону донишҷӯён имкон фароҳам овард, то дар самти маърифати андозсупорӣ, истифодаи имкониятҳои рақамии хизматрасонии давлатӣ ва такмили фарҳанги иқтисодӣ донишу тасаввуроти худро васеъ намоянд.




Ба рӯйхат