, Шанбе, 17-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

 15.05.2025 12

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

Санаи 15.05.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ва маърифати оиладорӣ- Собирзода Саидҷон-донишҷӯи курси якум дар мавзуи “Калимаҳои шевагӣ дар забони тоҷикӣ”, Сайдамирзода Парвина-донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Фонди асосӣ ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ” ва Иқболова Сайёҳат-донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Нақши оила дар ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баррасии роҳҳои таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён идома ёфта, бо натиҷаҳои арзишманд ба анҷом расид.




Ба рӯйхат