, Ҷумъа, 16-май

ОИЛА-МАСКАНИ МЕҲРУ МАЪРИФАТ

 15.05.2025 31

ОИЛА-МАСКАНИ МЕҲРУ МАЪРИФАТ

Оила ин падидаи муқаддасест, ки заминаи асосии рушди шахсият, ахлоқ ва маърифатро ташкил медиҳад. Маҳз дар муҳити солими оилавӣ кӯдакон эҳсоси меҳру муҳаббат, масъулият ва ватандӯстиро меомӯзанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки агар хоҳем, ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин бунёд намоем, бояд аз таҳкими пояҳои оила оғоз кунем.

Мисоли равшани ин гуфтаҳоро метавон дар симои оилаи намунавии Ҳасанзодаҳо дарёфт. Бахтиёр Ҳасанзода ва Дилором Мадбекова, ки ҳарду омӯзгор ҳастанд, 20 сол боз зиндагии муштараки худро дар фазои меҳру муҳаббат ва муваффақияту комёбиҳои беназир идома дода, фарзандони донишманду фаъолро тарбия кардаву, ба ҷомеа насли худогоҳу хештаншиносро пешниҳод намудаанд.

Суҳбати сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила бо омӯзгор ва корманди донишгоҳ-Ҳасанзода Бахтиёр ва оилаи ӯ Мадбекова Дилором, ки ин хонавода дар шаҳри Кӯлоб чун оилаи намунавии Ҳасанзодаҳо-ғолибони чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, шинохта мешаванд,  дар мавриди тарбияи фарзанд, саҳми оила дар рушди маънавияти насл ва комёбиҳои фарзандонашон ба таври мухтасар ба хонандаи гиромӣ пешниҳод мегардад.

–Салому дуруди самимӣ ба шумо. Нахуст, бигӯед, ки ба назари шумо нақши оила дар ташаккули ҷомеаи муосир чӣ гуна аст?

Бахтиёр Ҳасанзода: Бар шумо низ дуруд. Мусаллам аст, ки оила дар ҳама давру замонҳо омили асосии таъминкунандаи фазои солим ва рушду пешрафти ҷамъият будааст. Имрӯз низ ҳама гуна пешравӣ ва суботи ҷомеа аз муҳити солими хонаводагӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат ва роҳнамои тамоми тоҷикони дунё таъкид мекунанд, ки оила на танҳо як падидаи иҷтимоист, балки муҳити аввалини маънавию ахлоқии инсон аст. Агар дар оила муҳаббат, самимият ва эҳтиром бошад, фарзандон низ дар ҳамин рӯҳия ба камол мерасанд.

–Оилаи шумо яке аз хонаводаҳои намунавӣ ба шумор меравад. Мехоҳем бидонем, ки ин устуворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни шумо чӣ гуна ба вуҷуд омадааст?

Дилором Мадбекова: Мо бунёди оилаамонро бар пояи эҳтиром, муҳаббат ва маърифат гузоштем. 20 сол аст, ки бо якдигар дар фазои дӯстӣ ва садоқату меҳрубонӣ зиндагӣ мекунем. Ҳар як тасмимро якҷоя қабул мекунем ва ба таълиму тарбияи фарзандон диққати хосса медиҳем. Дар ҳама ҳолат дастгир ва маслиҳатчии якдигарем. Чун ҳарду омӯзгорем, бештар мекӯшем, ки муҳити хонаводаамон низ таълимдиҳанда бошад. Шавҳари ман низ дар ин роҳи бошараф ҳамеша кумакрасон ва маслиҳатгар ҳастанд.

–Дар баробари ҳаёти шахсӣ, шумо ҳарду ба касби омӯзгорӣ машғул ҳастед. Ин касб ба тарбияи фарзандонатон чӣ таъсир расонд?

Б.Ҳасанзода: Бале, мо ҳарду омӯзгорем ва шукр, ки таҷрибаву донишамонро дар хонаи худамон низ истифода мебарем. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар чӣ ба шогирдон меомӯзонем, аввал дар хона амал кунем. Омӯзгор будан масъулияти моро бештар кардааст. Фарзандон мебинанд, ки падару модар ҳамеша китоб мехонанд, дониши нав меомӯзанд ва ҳамин муҳити солиму созандаи хонаводагӣ онҳоро ба ин ҷода ташвиқ мекунад. Дар ин баробар мо худ ҳар рӯз кӯшиш мекунем, ки фарзандонамонро бо илму фарҳанг, ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кунем. Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фарзандон бояд босавод, соҳибмаърифат ва пешқадам бошанд» шиори хонаводагии мост ва дар роҳи тарбияти фарзандон моро илҳом мебахшад.

–Фарзандони шумо дар озмунҳои гуногуни сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат кардаанд. Дастовардҳои фарзандонатон низ аз ин озмунҳои сатҳи баланд воқеан ҳам қобили таҳсинанд.  Бигӯед, чӣ омил сабабгори ин муваффақиятҳост?

Д.Мадбекова: Оила нахустин муҳитест, ки шахсият ва сирати инсон дар он шакл мегирад. Агар муҳити оилавӣ солим ва ҳавасмандкунанда бошад, фарзандон на танҳо тарбия меёбанд, балки рушд мекунанд, бо дили гарм ба сӯи дониш, ахлоқ ва маърифат мераванд. Имрӯз, ки ҷомеаи мо ба насли босаводу ватандӯст ниёз дорад, нақши муҳити хонаводагӣ бештар аз ҳарвақта муҳим мебошад.

Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дар хонавода муҳити ҳавасмандкунанда ва дастгиркунанда барои фарзандонамон эҷод кунем. Муҳити ҳавасмандкунанда муҳитест, ки дар он фарзанд: эҳсоси қадршиносӣ мекунад, бо озодӣ фикр мекунад ва савол мепурсад, барои кӯшишҳояш ташвиқ мешавад, хатояшро худаш мефаҳмад, на ҷазо мегирад. Дар воқеъ, вақте кӯдак мебинад, ки меҳнаташ қадр карда мешавад, ӯ кӯшиш мекунад бештар биомӯзад. Масалан, вақте фарзанд дар озмуне ширкат мекунад, ҳатто агар ҷой нагирад, бояд ташвиқ шавад-“Ту кӯшиш кардӣ ва ин аллакай қадами бузург аст!” Самараи ҳамин талошҳои волидайн ва муҳити оилавиамон буд, ки фарзандонамон озодона фикр мекунанд, озодона савол мепурсанд, озодона мутолиа мекунанд.

Барои мо боиси ифтихор аст, ки талошҳои мо дар ҷиҳати тарбияи фарзанддон самар дода, онҳо пайваста дар озмунҳо, аз ҷумла озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, дар аввал обрӯйи худ ва шарафи хонаводаро баланд мебардоранд. Фарзандони мо дар ин озмуни бонуфуз аз гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ то ба Шоҳҷоизаи озмун зафарёб гардидаанд. Соли сипаригардида, Ҳасанзода Сайёҳат, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳо, дар бахши “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи ифтихорӣ гашт. Ҳасанзода Малика, хонандаи синфи 11-уми мактаби №51-и шаҳри Кӯлоб, дар номинатсияи “Адабиёти шифоҳӣ ва бачагона” Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард. Ҳасанзода Шукрона, хонандаи синфи 5-уми Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон-Россия “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д. Ушинский» дар бахши “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм гардид. Ин дастоварди фарзандон барои мо ифтихори бузург аст.

–Шумо фарзандонро чӣ гуна ба китобдӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ мекунед?

Б.Ҳасанзода: Аз кӯдакӣ онҳоро бо китоб шинос кардем. Мехостем китоб хондан барои онҳо як одати табиӣ гардад. Худ низ намуна будем. Бо ҳамсуҳбатӣ дар бораи китобҳо, тамошои филмҳои таълимӣ ва сафари донишомӯзӣ муҳити хонаводаамонро бой сохтем. Мо ҳеҷ гоҳ фарзандонро маҷбур накардаем, балки кӯшидаем муҳити муҳаббатомез ва илҳомбахш барои хондан фароҳам оварем. Худамон ҳам китобхон ҳастем. Агар волидайн намуна бошанд, фарзандон низ пайравӣ мекунанд.

–Шумо дар чандин озмунҳое, ки барои оилаҳои намунавӣ таъсис дода шудаанд, ширкат варзидаед. Мехостам дар ин ҷиҳат мегуфтед.

Д.Мадбекова: Албатта. Оилае, ки дар он муҳити солиму саршор аз меҳру эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстдории китобу дониш ва масъулиятшиносӣ ҳукмфармост, бешубҳа метавонад дар озмунҳо ширкат кунад, инчунин ба гирифтани ҷойҳои ифтихории онҳо низ шарафёб гирад. Барои мо боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки оилаи мо соли 2015 - ғолиби озмуни шаҳрии “Оилаи сол”, соли 2023 - ғолиби ҷойи дуюми озмуни вилоятии “Оилаи масъулиятшинос” ва соли 2024 - ғолиби ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи солим-ҷомеаи солим” дониста шуда, бо Сипосномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид. Ин музаффарияту комёбиҳо самараи меҳнати пайвастаи мо мебошанд.

–Ба назари шумо, навхонадорон бояд ба кадом масъалаҳо аҳамияти бештар диҳанд?

Д.Мадбекова: Пеш аз ҳама ба масъулият. Оила зери бори муҳаббати танҳо набояд бошад- масъулият, сабр, маърифат ва адолат ҳам барои устувориву пойдорӣ ва солимии он лозим аст. Агар волидайн худашон соҳиби хислатҳои нек бошанд, фарзандон низ пайравӣ мекунанд. Навхонадорон бояд бо маърифат, сабр ва муҳаббат зиндагӣ кунанд. Тарбияи фарзандон кори якрӯза нест. Он солҳо меҳнату муҳаббат мехоҳад.

–Дар анҷом, бо кадом сухан мехоҳед суҳбатро ҷамъбаст намоед?

Б.Ҳасанзода: Волидайн бояд худашон намуна бошанд. Агар падару модар китоб хонанд, фарзанд низ ба китоб рӯй меорад. Агар падару модар бо якдигар бо эҳтиром рафтор кунанд, фарзанд низ инро меомӯзад. Мо ҳама бояд дарк кунем, ки фарзанди солим танҳо дар муҳити солим ба воя мерасад. Агар хоҳем, ки ояндаи давлатамон равшан бошад, имрӯз бояд фарзандонро дуруст тарбия кунем - бо илму маърифат, бо ҳисси ватандӯстӣ ва китобдӯстӣ.

–Ташаккур ба Шумо барои ин суҳбати самимӣ. Оилаатон ҳамеша сарбаланду муваффақ бошад!

Оилаи Ҳасанзодаҳо намунаи рӯшанест барои тамоми ҷавононе, ки мехоҳанд оилаи солим ва ҷомеаи устуворро бунёд созанд. Дар воқеъ, агар хоҳем, ки фарзандони боақлу босавод, ватандӯсту хештаншинос ва соҳибмаърифат дошта бошем, бояд муҳити хонаводаро муҳити ҳавасмандкунанда, дастгиркунанда ва илҳомбахш гардонем. Зеро фарзанди солим, дар муҳити солим ба воя мерасад.

Мусоҳиб, Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат