,
Ҷумъа, 16-май
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа ва шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи бошукуҳ ва пурҳаяҷон донишҷӯёни паҳлавон аз факултету бахшҳои гуногуни донишгоҳ бо якдигар рақобат карданд. Мусобиқа дар чор вазн: 60 кг, 65 кг, 71 кг ва 71+ кг баргузор шуд ва ҳар як паҳлавон барои ба даст овардани пирӯзӣ тамоми қудрати худро дар майдон гузошт.
Фазои мусоиди тороли варзишии муассиса ва ташрифи зиёди донишҷӯён-мухлисони ин навъи фарҳанги миллӣ раванди мусобиқаро боз ҳам зебову диданӣ намуд.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дар доираи таҷлил аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуд, ҳамзамон як рамзи муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ буд, ки имрӯзҳо барои рушду равнақи фарҳанг ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар миёни насли наврасу ҷавон нақши муҳим дорад.
Баъд аз баргузории марҳилаҳои рақобатҳо ғолибон аз рӯйи вазнҳо ба таври зайл муайян карда шуданд:
#ВАЗНИ_60_кг
#ВАЗНИ_65_кг
#ВАЗНИ_71_кг
#ВАЗНИ_71+_кг
Дар ҷамъбаст аз ҷониби кумитаи тадорукоти мусобиқа ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.