, Шанбе, 10-май

ГОЛ БАРОИ СУЛҲ

 08.05.2025 11

ГОЛ БАРОИ СУЛҲ

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ташаббуси Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, имрӯз (08.05.2025) мусобиқаи футбол миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳр ифтитоҳ ёфт.

Ин мусобиқа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардида, ҳадаф аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кормандони ниҳодҳои гуногун ва рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол дар маҳалҳо арзёбӣ мешавад.

Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 7 майи соли 2024 дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум Рӯзи ҷаҳонии футболро расман қабул ва эълон намуд. Ин иқдоми сатҳи ҷаҳонӣ боз як қадами устувор дар шинохти саҳми Тоҷикистон дар рушди варзиш дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар мусобиқа дастаи омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми муассисаро дар рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву рафоқат намоиш медиҳанд.

Бозиҳо то санаи 25 май идома ёфта, ғолибон дар рӯзи ҷамъбаст бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Тибқи интизорот, мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифта, иштирокдорон маҳорати варзишии худро ба мухлисон нишон хоҳанд дод.




Ба рӯйхат